Шаҳритуз. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Њифзи муњити зист»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хониши сиёсї баргузор гашт.
Дар вохурї масъулони Кумитаи иљроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок доштанд.
Баромадкунандагон доир ба масъалањои ташвишовари экологї аз ќабили, афзоиши бесобиќаи корхонањои бузурги саноатї дар ҷаҳон, зиёд гардидани зањрпартовњое, ки ба њаёти зинда хатар эљод месозанд ва роњњои пешгирӣ аз онњоро ќайд карда гузаштанд.
Дар ин баробар масъулон атрофи њифзи муњити зист, ѓамхорї ба табиат ва зиёд намудани боѓу токзор аз њисоби заминњои бекорхобида, баланд бардоштани маърифати экологии ањолї бо роњњои њавасмандгардонї ва огоњонидани онњо аз оќибатњои ногувори нобудшавии олами набототу њайвонот ибрози андеша карданд.