БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО МАСЪУЛИЯТШИНОСЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

Дар  ташкилоти  ибтидоии  “Роҳсозӣ”-и  ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси  ҳисоботӣ -интихоботӣ  доир  гардид.

Дар чорабинӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ,  самтҳои   афзалиятноки   фаъолияти  ҲХДТ,  баргузории Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!” мавриди баррасӣ карор гирифтанд.

Сипас, бо дастгирии аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб  шуда, вакилон аз ҳисоби шахсони арзанда ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

Дар идома масъулини ҳизбӣ   атрофи  вусъат  бахшидани корҳои  омодагӣ  ба маъракаи  муҳими  сиёсӣ - интихоботи  Маҷлиси  Олӣ ва маҷлисҳои  маҳаллии вакилони  халқ, вазифаҳои  ташкилотҳои ибтидоӣ сухан гуфтанд.     

Ҳамзамон дар идома таъкид шуд, ки  барои  дар  сатҳи баланди  сиёсӣ,  шаффофу  демократӣ баргузор  намудани интихобот  аз  ҳоло  замина  гузоштан   муҳимтарин  вазифаи  ҳизбиён  дониста мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg