БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ БЕҲТАРИН ХИСЛАТ АСТ!

Н. Хусрав Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Почтаи  тоҷик”-и ноҳияи  Носири  Хусрав оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

  Дар  баргузори  хониши  сиёсӣ масъулини Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок  намуда  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб, вусъат  бахшидан ба  корҳои  созандагиву   бунёдкорӣ, ҳалли масъалаҳои  иҷтимоӣ, дастгирии қишри  ниёзманди  аҳолӣ дар  асоси  дастуру  супоришҳои   Пешвои  миллат  Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарм  Эмомалӣ  Раҳмон суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки барои   баланд  бардоштани  обрӯву  нуфузи  ҳизб  миёни  мардум фаъолон  бояд масъулияти  баланд эҳсос намоянд. Дар ин баробар дар саривақт  дастрас  намудани  рӯзномаву  маҷаллаҳо  ба  муштариён чораҳои  зарурӣ  андешанд.

Дар  доираи   Аксияи  ҳизбии “Якҷоя  ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти ибтидоии  “Почтаи  тоҷик”  ба  як  оилаи  эҳтиёҷманд   кӯмаки молиявӣ расониданд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg