БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУН ДАР БЕШ АЗ 20 ҲАЗОР ОИЛА ХУШБАХТӢ МЕОВАРАД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хатлонроҳ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд.

Дар он раиси ташкилоти ибтидоӣ доир ба фаъолияти 2,5 соли охир ҳисобот дода, ҳамзамон масъалаҳои интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муҳокима гардиданд.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ  иброз доштанд, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибэҳтиром муаррифӣ шудаст. Амали навбатии инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аст, ки имрӯз қонун дар амал татбиқ гардида истодааст. Аз ин иқдоми неки  Роҳбари давлат ифтихор карда, ҳамаҷониба онро дастгирӣ мекунем. Ин аз он далолат мекунад, ки дар Тоҷикистон ба ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд эҳтиром мегузоранду барои фароҳам овардани  зиндагии шоиста тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg