ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки ҷавонон мояи ифтихор ва неруи созандаи ватани азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида, раиси ташкилот интихоб ва вакил ба конференсияи ноҳиявии ҳизбӣ пешбарӣ шуд. Дар қисмати амалии аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисаҳои таълимии шаҳраки Москва ҷӯйбор ва роҳравҳои кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба масофаи 300 метр тоза карда шуданд.