ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Камитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Себи сурх» доир гардид.
Зимни мулоқот нотиқон оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ сухан гуфтанд.
Ҳамчунин, дар ин баробар баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.