БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО АМАЛИ СОЗАНДА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ташкилоти ибтидоии “Чилатош”   мулоқот  баргузор карданд.

Нахуст, роҳбарияти кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Зимнан  тибқи  ҷадвал  оид  ба  интихоби  раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ва  пешбарии  вакилон  ба  Конференсияи  ҳизбӣ  дар  ноҳия  сокинон   раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  ва   вакили  Конференсияи   ноҳиявӣро интихоб ва пешбарӣ   намуданд.

Дар  қисмати  амалии  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал    мекунем!”  сокинон  тасмим  гирифтанд, ки дар таъмири роҳи деҳа саҳм  гузоранд.        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg