БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ОМӮХТА АМАЛ МЕКУНЕМ!

 НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар шаҳри Норак  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қӯрбоналӣ,  мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода ва  муовини аввали раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод семинар-машварати ҳизбӣ доир карда шуд.

Семенари мазкур  бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», ва Шӯрои собиқадорони ҳизб  доир гардид.

Зимнан, Гулмуродзода Қумриниссо машваратро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ин иқдоми КИМ ҲХДТ ҷиҳати тақвияти дониши сиёсии ҳар як аъзои ҳизб саривақтӣ мебошад. 

Баъдан, Маҳмадулло Наимов иброз дошт, ки дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, махсусан интихоботи мақомоти намояндагӣ аз масъалаҳои меҳварии семинари имрӯзаамон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин, таъкид дошт, ки мо ҳизбиёнро зарур аст интихоботро ба василаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ ва ба вуҷуд овардани якдиливу якмаромии сокинон табдил диҳем.

Раҳмонзода Абдулло изҳор намуд, ки дар амри созандагию бунёдкорӣ ва таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ ҲХДТ обрӯ ва нуфузи баланд дорад. Фаъолияти ҳизб барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоидошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

ҲХДТ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Барномаи ҲХДТ танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудааст. Дар охир изҳори умед намуданд, ки семинари мазкур дар пеш бурдани фаъолияти минбаъдаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg