БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ БАРОБАРИИ ҲАМАРО КАФОЛАТ МЕДИҲАД.

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Дилбар”-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони ҳизбӣ ва сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ доир гашт.

Дар мулоқот масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардонидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта,баробарии ҳамаро дар назди Қонун кафолат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Инчунин,оид ба яке аз рӯйдодҳои бузурги даврони Истиқлолият, ба кор андохтани чархаи дуюми агрегатии НБО Роғун суханронӣ карданд.

Ҳамзамон, масъулин моҳияти Аксияи тарғиботӣ–амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”–ро ба иштирокдорон фаҳмонида онҳоро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даъват намуданд.

Дар охир сокинон баргузории аксияро муҳим шуморида, даъват карданд, ки дар доираи аксияи мазкур дар сохтмони синфхонаи иловагие, ки дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 идома дорад, боз саҳм мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg