ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар маҷлис рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ин робита баргузор намудани Конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулияти баландро аз ҳар як аъзои ҳизб тақозо мекунад. Моро зарур аст барои шаффофу демократӣ ҷамъбаст гардидани ин маърака масъулиятнокӣ зоҳир намоем.