БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи  иқдоми навбатии    Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ҳилол”-и Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.                          

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир  ба   солҳои 2019-2021 Солҳо рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, сарфакорона истифда бурдани қувваи барқ , эҳёи ҳунарҳои миллӣ, сохтани мактабҳои наву замонавӣ, омӯзонидани касбу кори гуногун ба занону духтарони хонашин,  хавфу хатари терроризм ва роҳҳои мубориза бар муқобили он, моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, роҳҳои пешгирии фарҳанги бегона ва аз байн нарафтани фарҳанги миллӣ, ба оилаҳои ҷавон омӯзондани фарҳангӣ оиладорӣ, сатҳи баланди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба роҳ мондаи корҳои хайру сахо ба ҷои маъракаҳои азодориву хурсандӣ  суханронӣ  намуда, ҳамагонро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят карданд.  

Дар  идома баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилот ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ  роҳандозӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg