ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ӽисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Литсейи касбӣ- техникӣ»-и ба номи Рустами Холалии Ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ӼХДТ баргузор гардид.
Зимнан роӽбарияти кумитаи иҷроия оид ба боби дуюми Конститутсия-Ҳуқуқ, вазифаӽои асосии инсон ва шаӽрванд суханронӣ намуда, қайд карданд, ки тибқи моддаи 14 ҳуқуқу озодиӽои инсон ва шаӽрванд ба воситаи Конститутсия, қонунӽои ҷумӽурӣ ва санадӽои ӽуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф ва ӽифз мегарданд, бевосита амалӣ мешаванд. Онӽо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунӽо, фаъолияти ӽокимияти қонунгузор, иҷроия, маӽаллӣ ва мақомоти худидоракунии маӽаллиро муайян мекунанд ва ба воситаӽои ӽокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ӽал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ҳизбӣ гирду атрофи бинои литсей тозаву озода карда шуда, ба ҳусни муассиса ҳусни дигар зам кард.