Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Рашт»-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоӣ иштирок дошта, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Сипас, бо овоздиҳии дастаҷамъона раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, вакил ба Конференсияи ХII-уми ноҳиявӣ пешбарӣ гардид.
Дар охир масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарбияи дурусти насли наврас, сафарбар намудани ҷавононписарон ба сафи Қувваҳои муссалаҳи мамлакат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.