Ш. Шоҳин. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Дар ташкилоти ибтидоии «Зебунисо» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, баргузории маъракаҳои муҳими сиёсию масъалаҳои мубрами рӯз хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок доштанд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ ба хониши сиёсӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ назди аъзо баромад кард.
Масъулон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор карда шуд.
Иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидориро аз нав интихоб намуда вакилро ба Конференсияи 13-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур пешниҳод карданд. Чорабинӣ бо пурсишу посухҳои тарафайн ҷамъбаст гардид.