БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР МАЪАРАКАҲОИ МУҲИМИ СИЁСӢ ХУДРО МАСЪУЛ ШУМОРИДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳрдорӣ”-и ноҳияи Ховалинг  бо иштироки намояндагони ҳизбӣ оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.  

Дар назди ҳозирин масъулин   дар бораи самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  истифодаи  сарфаҷӯёнаи қувваи барқ, хатари ба ҷомеа доштаи терроризму экстремизм, сабаб ва омилҳои гаравидани  шаҳрвандон ва алалхусус,  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ,  роҳҳои мубориза ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ба таври  муфассал маълумот доданд.

Ҳамчунин  дар идома  дар бораи маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода – интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Конститутсия ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шахс  сухан рафта,

қайд карда шуд,  ки аъзои ташкилот  дар амалӣ намудани  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо ба таври васеъ истифода менамоянд.

Сипас, дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ  ба Хоҷаева Баргӣ аз оилаи ниёзманди ҷомеа  кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg