Ҳамадонӣ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №52-и ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзобод” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии “Файзобод” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Чорабиниҳои ҳизбие, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки аъзо ва фаъолони ҳизб баргузор гардиданд, хотирмону ҳадафрас буданд, зикр дошт раиси ташкилот.
Иштирокдорони маҷлис якдилона раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб ва вакилро ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карданд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия оид ба рушд бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ кард.