Фархор. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Каммунадеҳа”-и Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи тарғиботӣ–амалии “Якҷоя ҳал мекунем” вохӯрӣ доир гардид. Сокинони саховатманди деҳа иқдоми наҷиберо амалӣ карда истодаанд. Онҳо роҳҳои дохили деҳаро дар масоҳати 2 км сангфарш карда, мақсад доранд, ки пули деҳаро низ азнавсозӣ намоянд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иштирок дошта сокинонро дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию ободкорӣ, бахусус, саҳм доштан дар корҳои ободонии маҳали зист даъват намуд.