АНДЕША. Дар ҳама давру замонҳо маҳбас ва зиндонҳо мавҷуд буданд ва ашхоси хатокору ҷиноятпеша равонаи онҳо мешуданд. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон гунаҳгору ҷинояткоронро ба маҳкама мекашанд ва ба ҳабс мегиранд. Давлате, ки ҷинояткоронаш ҳукми маҳбас намегирад, пойдор намемонад. Қонуни авфе, ки чанде пеш қабул гардид 15- умин бахшиш, ё авфи Ҷанобӣ Олӣ аст, ки тавасути он беш аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаан озод мешаванд. Дар қонуни авфи қабулшуда ҳамоно гуманизми хеле баланди роҳбари давлат эҳсос мегардад. Тибқи муқаррарот қонуни авф ниисбати занон, дардмандон ва ашхоси аз беҳтиётӣ ҷиноят содир намуда, татбиқ мегардад.
Ашхосе, ки чорабини мазкурро як василаи холӣ кардани маҳбасҳои пуршуда медонанд, ҳама курдил ва нотавонбинанд. Онҳо он сиёҳдилоне ҳастанд, ки ҳамаи пешравиҳои моро надида аз бахилию ҳасад кори накуро бад ва чизи сафедро сиёҳ мегӯянд.
Зиҳӣ, Пешвои миллат бо адолатпарварию дурандешиатон!
Назарзода Алӣ Исмон, раиси Камитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор