БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ВАТАН ХИЗМАТ КАРДАН ШАРАФ АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кармандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Садоқат»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, пешгирии хатарҳои таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳангӣ бегона суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба манфиати мардум нигаронида шуда, мақсаду мароми аслии ҳизб ободии Ватан  ва таъмини зиндагии босаодат барои сокинон аст. Ҷавонони моро лозим аст  аз шароити хубу замонавӣ, ки имрӯзҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар қисмҳои низомии кишвар муҳайё шудааст, васеъ истифода бурда, қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан адо намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg