
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ворисони Сино” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир карда шуда, зимнан ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, дар он таъкид гардид, ки иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ вазифаи ҷонии мо ҳизбиён буда, месазад барои шаффофу демократӣ гузаронидани ин чорабиниҳои сиёсӣ талош варзем.
Инчунин аз ҷониби аъзои ташкилот раиси ташкилоти ибтидоии мазкур аз нав интихоб карда шуда, шаш нафар аъзои ташкилот ҳамчун вакил ба Конференсияи XV-уми шаҳрӣ пешбарӣ гардиданд.
Сипас, роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни вохӯрӣ оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021–Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем”, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ ҳидоят намуд.