МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати «Шаҳрак»-и ноҳияи Мӯъминобод маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимнан раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизбӣ оид ба фаъолияти ҳизбиён дардавраи ҳисоботӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда, аъзои ташкилотро барои рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ даъват намуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида аз ҳисоби фаъолони ҳизб вакилон ба Конфренсияи ноҳиявии ҳизб пешниҳод карда шуда, инчунин раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интиход гардид.