БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ИН ТАҲДИДЕ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ВА ҶОНИ ҲАР ЯК СОКИНИ САЙЁРА АСТ.

АНДЕША,Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гуруҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгарої яке аз зуњуроти номатлуби љомеа ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оќибатњои нохуш ва фољиаовар мегардад.

Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд.

Њукумати Љумњурии Тољикистон тамоми зуњуроти номатлуби замони муосир, хусусан, терроризм ва экстримизми диниро мањкум менамояд. Терроризм чун вабои аср имрўз ањли саёраро ба ташвиш андохта, хусусияти љањонї касб намудааст ва барои љомеаи башарї тањдидњои нав ва сангин эљод менамояд. Имрўз мебояд нисбат ба гурўњ ва њаракатњои террористию ифротгарої, ки аз тарафи бархе аз кишварњои абарќудрати љањон созмон дода шуда, сармоягузорї мегардад ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву тањаммулгароист, ба амалњои террористї даст мезананд, оромию осоиштагї ва суботи љомеаро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд.

Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин, надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд.   Агарчи бештарин ҷавонони даврони имрӯз, аз шароите, ки истиқлолият барояшон муҳайё кардааст, шукргузор буда, дар азхудкунии илму дониш ва касбият қуллаҳои баландро фатҳ кардаанд, ҳанӯз ҷавонони гумроҳ ҳам ҳастанд, ки бо андак фиреб ба доми ифротгароён афтода, мубталои асорати онҳо мегарданд.

Шомилшавии шањрвандон, алалхусус љавонон ба ин гурӯњњои ифротгаро, ки оќибатњои хуношомро дар пай дорад, боиси нигаронии ањли љомеаг аштааст.Танњо эњтиром ба манфиатњои њамдигар, номуси баланди ватандорї, пос доштани арзишњои миллї ва муттањид шудани њамаи кишварњои дунё дар пешорўи ин хатари умумї таќозо менамояд, ки садди роњи ин вабо гирифта шавад. Дар асри гузашта мардуми тоҷик дар роњи эъмори давлати соњибихтиёр ва љомеаи мутамаддин рўзњои вазнинро пушти сар кард. Дар солњои аввали Истиќлолияти давлати кишвар мо бо падидаи густурдаи зуровариву мудохила аз хориҷ ва тањлили андешаву равияхои бегона ба сари мардум, ки аз ѓояњои ифротгароиву терроистї манба мегирифт, рў ба рў шуд. Дар натиљаи љанги хунин садњо њазор нафар шањрвандони кишвар ба њалокат расида, ќариб як миллион нафар бехонаву дар ва гуреза шуданд.
Вањдати миллї ва сулњи Тољикистон бори дигар нишон дод, ки њама гуна неруњое, ки барои расидан ба чунин маќсадњои ѓаразноки хеш аз номи поки ислом сӯиистифода мекунанд, њаргиз мавриди пуштибонии љомеа ќарор намегиранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2016 ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуда буданд, таъкид намуданд, ки аз устодону омўзгорон ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати наврасон ва донишҷўёнро  барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд, чун ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии зиндаи он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ва тарбияи падару модар монда ташкил медиҳад.

Мавриди тазаккур аст, бори дигар сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рањмон лоиҳаи қонун «Дар бораи авф» - ро ба муносибати 25 - солагии Конститутсияи мамлакат пешнињод намуд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид. Тибқи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ зиёда аз 20 ҳазор нафар мањбусон озод мегардад.

Мавриди ќайд аст, ки аз соли 1992 то ќабули Ќонуни авф зиёда аз  120 њазор нафар авф татбиќ шудааст. Бояд тазаккур дод, ки рисолати Президенти маҳбуби кишвар ба нафъи мардум ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар мегардад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун инсони таҳаммулпазир, Сарвари шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор бо заковати худододии хеш ва амалњои инсонпарваронааш дар миёни мардуми сулҳпарвари тоҷик маҳбубияти беандоза касб карда, ба эҳтироми ҷомеаи башарӣ сазовор гардидаанд.   

        Аммо гуруњои хиёнаткор, ки чашми некбин надоранд аз хориљи кишвар ин амалро низ  ѓайри шафоф ъэлон карданд. Онњо бо ин амали худ бори дигар исбот карданд, ки на барои пешрафту тараќќиёти Тољикистон ё бењбудии зиндагии як тољикистонї, балки боз њам љалб сохтани таваљљуњи ба сиёсати дохилии Тољикистон талош доранд.

Аз ин љо, моро зарур аст, ки дастаҷамъона алайҳи њама гуна зуҳуроти номатлуб  муборизаи беамон барем. Нагузорем, ки ҳеҷ як нафар ҷавони кишвар ба доми ин бадхоҳон афтода, ба ҷони ҷавонаш ҷабру ба Ватан хиёнат намояд.

Ватанзода Сайљафар - Раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg