Қубодиён. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҷамъбастӣ-ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур, аъзои ташкилоти ибтидоии “Носири Хусрав”, раисони кумитаи маҳалла ва дигар фаъолони ҳудуди ҷамоат иштирок доштанд.
Дар маҷлис ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав дар давраи солҳои 2017-2019, интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоӣ, интихоб ва пешниҳоди вакилон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ суханронӣ карда, таъкид дошт, ки аъзои ҲХДТ ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, тамоми омилҳои носолим ва ба норозигии мардум мусоидаткунандаро бартараф карда, бо кору амал ва пешоҳангиву ташаббускории худ мардумро ба сӯи созандагиву ободонӣ сафарбар намоянд