БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии навтаъсисёфтаи “Бехатарии озуқаворӣ” маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ доир шуд. Д
Раиси ташкилоти ибтидоӣ зимни ҳисоботи худ иброз дошт, ки ҳарчанд ташкилоти мазкур навтаъсис ҳам бошад, дар муддати фаъолияти начандон тӯлонии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст.
Сипас, дар идома масъулини ҳизбӣ дар баромади худ таъкид намуданд, ки барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мо шаҳрвандон вазифадорем, чунки мақсаду мароми ҲХДТтанҳо ободии кишвар ва таъмини зиндагии осуда барои сокинон аст.
Инчунин,дар идома дар бораи рафти омодагиҳо барои баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилон халқ, ки он аз ҳар якаъзои ҳизб масъулияти баландро тақозо мекунад андешаронӣ карда шуда, иштирокдоронро барои шаффофу демократӣ гузаронидани ин маъракаи муҳим ҳидоят карданд.