Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саноат”-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Масъулин дар суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин оид оид ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз неруи барқ бо максади ноил шудан ба истиклолияти пурраи энергетикӣ, расонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа суханронӣ намуда, ҳамагонро барои дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар пешрафту ободии кишвар ҳидоят намуданд.