БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АВФ БЕҲТАРИН ТАРБИЯ АСТ!

    АНДЕША.Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи авф” кулли мардуми кишварро хушнуд сохт. Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси принсипи инсондӯстӣ  бахшида ба 25– умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия гардида, 16-октябри соли равон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии кишвар аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ирсол гардида буд. Баъди муҳокима  ва баррасии намояндагони мардумӣ дар парлумон, санаи 25-октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба имзо расид.   Қонуни болозикр нисбати зиёда 20 ҳазор  шахсоне, ки ҷиноят содир намуданд, аз ҷумла нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ, ва дигар шаҳрвандон татбиқ мегардад.

Тибқи иттилои дар ВАО паҳнгашта аллакай то имрӯз аз зиндонҳои кишвар зиёда аз 1 600 нафар зиндониён  озод карда шуданд. Вақте гузоришҳоро дар бораи аз зиндон озод гаштани зиёндониён тамошо мекунӣ, шодиву нишоти ҳамватанонро мебинӣ, беихтиёр дар чашм ашк ҳалқа мезанад, ҳисси шодиву нишод, ифтихор ва сарбаландӣ касро фаро мегирад. Ин ашки шодист. Ин ифтихор аз соҳибистиқлолии мамлакат, тинҷиву оромии меҳан аст. Ифтихор аз сиёсати башардӯстона, инсонпарваронаи Пешвои миллати тоҷикон аст.

Мегўянд, ки инсони бад, нотавонбин ва хоин то охир умр дигар намешавад. Дар баробари ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи  авф” хоинони миллат ин амали инсондӯстони Пешвои миллатро дида натавониста, ҳаргуна фикру ақидаҳои ифротӣ ва нохалафонаи худро тариқи расонаҳо ва шабакаи умумиҷаҳонии интернет баён мекунанд. Шумо хоинони миллат дар хориҷа   пулу моли хоҷагони хориҷиатонро хурда истода даъвои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамватанон мекунед?  Пас, чаро дар шодиву нишоти зиёда аз 20 ҳазор нафар ва оилаҳои онҳо шарик нашуда,   Пешвои миллатро танқид мекунед?   Даъвои онро доред, ки ҳаммаслакони “бегуноҳ”-и шумо низ дар баробари дигарон озод  шаванд?  На. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон медонад, ки киро озод кунад, киро не. Ҳаммаслакони шумо ҳеҷгоҳ  аз зиндон озод нахоҳанд шуд, зеро онҳо ба об, хок, сарзамин, ҳаво, Модар, Ватан хиёнат кардаанд. Ҷой онҳо зиндон аст. Бигзор то охири умр дар ҳамонҷо бимонанд.  

  Дар давраи соҳибистиқлолии мамалкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   маротибаи 15-ум аст, ки бо ташаббусҳои бевоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” қабул ва дар амал татбиқ гардида,  дар асоси онҳо ҳазорҳо сокинони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ аз зиндон ба озодӣ баромадаанд. Дигар ин ки дар муқоиса бо дигар давлатҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар Қонун “Дар бораи авф”-ро қабул намудааст.    

Ба авфшавандагон, пайвандон ва хешу табори онҳо боварии комил дорем, ки баъди ин муносибати инсондӯстонаи роҳбарияти олии кишвар, татбиқи як қонуни одилона эътиқоду самимияташон ба ин сарзамин, халқу ватан, давлату ҳукумат беш гашта  садоқатмандона  барои ободӣ ва гул-гулгулшукуфоии меҳани азизамон камари ҳиммат мебанданд.

 Раҷабализода Парвиз муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg