АНДЕША. Воқеан, Артиши миллӣ дар шароити бисёр сангини таърих ташкил ёфт. Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамеша дар иҷрои вазифаи худ дар назди Ватан-Модар содиқ аст. Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва марзу буми Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ дар рушду инкишофи артиш ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ватандӯстони асил будани хешро борҳо собит намудаанд. Сарбозону афсарони сарбаланди тоҷик бо савганди садоқатмандӣ дар назди Ватану халқи худ баҳри таҳкиму пойдории сулҳу субот, ҳифзи кулли арзишҳои сарзамини соҳибистиқлол ва дар роҳи ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қадамҳои устувор мегузоранд.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама дорои ҳисси баланди ватанпарастӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд.
Мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад.
Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург аст ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бо нангу номуси миллат аст. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин ва ҳифз намояд. Таҷрибаи ҳазорсолаи таърихи давлатҳои дунё собит кардааст, ки кишвари ба нерӯи ҳарбии хориҷӣ дар таъмини иқтидори мудофиавии худ такякунанда, бешубҳа дар лаҳзаҳои лозимӣ музаффар намегардад.
Хизмати сарбозӣ дар солимии рӯҳиву ҷисмонии ҷавонон таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳар як ҷавони ба синни даъват расида бояд донад, ки имрӯз барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тамоми шароити моддиву маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Бар пояи ин гуфтаҳо, аз ҳамаи ҷавонони бо нангу ори Ватан даъват ба амал меоварам, ки ҳисси ватандӯстии худро ба Артиши миллӣ гузоранд, чунки ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бо нангу ори Тоҷикистон мебошад.
Сунатулло, Шеров мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён