А. ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Садоқат”-и ноҳияи А. Ҷомӣ маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ гузаронида шуд.
Дар баргузории чорабинии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, баъди шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ мавсуф дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ кард.
Сипас, бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, шахсони арзанда ба вакилии конференсияи ноҳиявии ҳизб пешбарӣ гардиданд.