Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи хоҷагии ҷангал”-и ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар баргузории хониши сиёсӣ иштирок дошта, вобаста ба рушду тараққиёти Тоҷикистон дар тӯли соҳибистиқлолии кишварамон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳамаи дастовардҳо самараи Ваҳдати миллӣ ва хизматҳои пайвастаи шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Кормандони хоҷагии ҷангалро зарур аст, аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдонҳои боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивиро мунтазам зиёд намоянд. Барои пешниҳод намудани ҳосили фаровон ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба оилаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миқдори 4 м3 ҳезум кумак расонида шуд.