ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Пушкин”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси ташкилот оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ дар назди ҷамъомадагон баромад карда, иброз дошт, ки дар ин давра аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар самти созандагиву бунёдкорӣ, гирифтани дасти дармондагону эҳтиёҷмандон корҳои назаррасеро анҷом дода, дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми намоён доранд.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, наслҳои оянда ва Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб ва ҳамчун вакил ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуд.
Сипас, бо дастгирии шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳиматбаланд роҳи байни деҳа ба масофаи қариб 2,5 км дар партави аксияи ҳизбӣ мумфарш карда шуд.