ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Гулистон” бо иштироки кормандони масъули кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилот дар назди ҷамъомадагон баромад карда, қайд намуд, ки сокинони деҳаи Гулистон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро хуш пазируфта, ба корҳои ободонию созандагӣ машғуланд ва дар пешрафту ободии маҳали зисти худ саҳми намоён мегузоранд.
Масъулин дар идомаи суҳбат зикр карданд, ки мақсади асосӣ аз пешниҳод шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ободии маҳал ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтор, пеш аз ҳама беҳбудии шароит дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ ба хотири баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии мазкур аз нав интихоб гардида, ба вакилии конференсияи ноҳиявии ҳизб пешнҳод шуд.