ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Миразор»-и деҳаи Куҳандиёр 2-и Ҷамоати деҳоти Ватан баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, қайд намуданд, ки бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Албатта, дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи даврони Истиқлолияти Тоҷикистон нақши Президенти кишвар ниҳоят калон аст. Аз ин рӯ вазифаи ҳар як шаҳрванд аз он иборат аст, Конститутсияро эҳтиром намояд.