ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дарвоз»-и Ҷамоати деҳоти Кабут Сайфутдинови ноҳияи Панҷ хониши сиёсӣ таҳти унвони «Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ манфиатоваранд» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб роҳандозӣ шуд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар назди ҳозирин оид ба ин мавзӯи муҳим суханронӣ карданд.
Аз ҷумла қайд шуд, ки истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоии интернет аз манфиат холӣ нест. Онро ҳамчун китоб барои донишомӯзӣ¸ касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ метавон истифода намуд. Вале бархе аз ҷавонон инро ба хубӣ дарк карда наметавонанд, ки сабаби ба афкори носолим даст задани онҳо мегардад. Даъват ба амал оварда шуд, ки фарҳанги дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро тарғиб намуда, фарзандонро дар рӯҳияи одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоем, то ин ки унсурҳои хатарноки шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо таъсири манфӣ нарасонад.
Дар охир ҳозирин дастаҷаъмона ба ҳашари умумӣ баромада, бо техникаҳои лозима роҳҳои маҳаллро таъмиру тармим намуданд.