БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТ РОҲНАМОИ ҲИЗБИЁН АСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсии ҳизбиён бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон, намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан» намояндагони ҳизбӣ дар шаҳри Левакант ва аъзои Шӯрои собиқадорони ҳизб оид ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода семинар- машварати ҳизбӣ доир гардид.

Дар семинар-машварат  Маҳмадулло Наимов-мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби вилоят Исмоил Шафиев, узви ҲХДТ, раиси шаҳр Давлатзода Зарина иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар хотима ҷамъомадагон барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва шаффофу демократӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, иштирок дар чорабиниҳои ҳизбӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg