БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮХТА АМАЛ КАРДАН РИСОЛАТИ МОСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Семенар-машварати навбатии ҳизбӣ  дар ноҳияи Кӯшониён  бо иштироки фаъолон,  гурӯҳҳои таблиғотӣ баргузор гардид.

Дар кори семенар-машварат Маҳмадулло Наимов мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раҳмонзода Абдулло раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Исмоил Шафиев раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Абдусаломзода Мунаввар  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок доштанд. Дар чорабинӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои созандаи ҳизб, робитаву саҳмгузории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар мафкурасозии миллӣ, таъсири ташкилотҳои динӣ дар ақидасозии мардум ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра, ки ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилон халқ марбут аст, суханронӣ карда, ҷамъомадагонро ба хизмати софдилонаву содиқона, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg