БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ТАРҒИБГАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ ВА РОҲБАРИ ОНЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    Дар ташкилоти ибтидоии “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ ва маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ  қайд карданд, ки ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ зиёд аст. Ташаббусҳое, ки аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, марбут ба об, вобаста ба тағйирёбии иқлим, оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошанд, ки аз ин лиҳоз Тоҷикистонро дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Дар идома таъкид гардид, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст, ки ҳамеша барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат ва роҳбарияти  кишвар саҳми худро гузорем.

Дар фарҷом раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб шуда, вакилон ба Конференсияи навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пешбарӣ шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg