БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ БА МАНФИАТИ МОСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Гулафшони Боло”-и Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ зимни баргузории ҷашну маросимҳо ва ба роҳ мондани корҳои хайру сахо ба эҳтиёҷмандон, тарбияи дурусти фарзанд аз ҷумла, омӯзонидани донишҳои замони нав ба онҳо, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, кор бо муосиртарин технологияҳои иттилоотӣ, доштани якчанд ҳунар ҳамчун талаботи заминавии расидан ба мустақилияти иқтисодии шахс мубодилаи афкор намуданд. 

Дар   маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ раиси ташкилот аз нав интихоб шуда, вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg