БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бахши фарҳанг”-и ноҳияи Балҷувон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардида, дар он баромади раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби раис ва пешбарии вакилон ба Конференсияи 12-уми ноҳиявӣ баррасӣ шуданд.
Сипас, дар навбати худ намояндагони ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, иштирокдоронро барои омодагии ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, саҳм гузоштанд дар чорабиниҳои ҳизбӣ ва баргузории маъаркаҳои муҳими сиёсӣ ҳидоят намуданд.