БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТИ МО КАФОЛАТИ ФАРДОИ ДУРАХШОН АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Асин» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар мулоқот  масъулин атрофи дастуру супоришҳои  Роҳбарияти Олии ҲХДТ, аз ҷумла омодагиҳои ҳамаҷониба ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  сухан гуфта, иштирокдоронробарои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва бо омодагиҳои  ҳамаҷониба гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ  ҳидоят намуданд.

Дар баробари баргузории хошини сиёсӣ, инчунин маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардида,дар он ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд ва  раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб ва ба вакилии Конференсияи ноҳиявӣ  пебшарӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg