БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН ВА МИЛЛАТ АСТ

ҶайҲун. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Розиқобод»-и Ҷамоати деҳоти Панҷ вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки корманди масъули   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки роҳи интихобнамудаи ҲХДТ бо сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди давлати навини тоҷикон манбаи усули демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, баҳри муҳайё сохтани ҳаёти арзанда барои ҳар фарди тоҷикистонӣ нигаронида шудааст. Дар  масири бисту панҷ соли фаъолият комилан дуруст ва устувор будани худро собит намуд.

Ҳизби мо дар заминаи қавитарин арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ бунёд гардида, ҳамқадами вақт ва давлату миллат бори гарони таҳким бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро бар дӯш гирифт.

Ҳамчунин дар доираи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоӣ «Розиқобод» маҷлиси баргузор гардида, дар идома масъалаи пешбарии вакил ба Конференсияи 28-уми ноҳиявӣ муҳокима шуда, Розиқов Касир бо овоздиҳии якдилонаи аъзои ташкилот ҳамчун вакил ба Конференсияи ноҳиявии ҳизб интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg