БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ДУШМАНИ СУЛҲУ СУБОТ ФАРҲНГ, ДИН ВА ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТ АСТ!

ВОКУНИШ.Терроризм ва гурўӽӽои радикалӣ дар таърихи инсоният аз давраӽои хеле қадим зуӽур намуда, дар шаклу  намудӽои мухталиф фаъолият менамоянд ва дар ӽамаи ин марӽилаӽо мақсадашон ноором сохтани ҷомеа буд. Аз нигоӽи коршиносон баъди ҷанги дуюми ҷаӽонӣ ва ба ду лагер ҷудо шудани шаклӽои гуногун фаъолияти ин гурўӽӽои ифротӣ хеле авҷ гирифт. Чун ҷомеаи ҷаӽонӣ пешрафт, дастгоӽӽои таблиғотӣ рушд намуд. Терроризм дар шаклӽои гуногун  фаъол гаштанд. Имрўзӽо ифродгароиӽои динӣ дар мамлакатӽои шарқ  чун Афғонистон, Ироқ Шом, Филлипин хеле авҷ гирифтааст, ки оқибати фоҷиабори онро мо хуб дида истодаем. Барои мисол  ба таърихи 40 соли охири Афғонистони ба мо ӽамсоя менигарем, ки ин кишвар аз дасти гурўӽӽои ифротгарои мазӽабӣ ба чӣ ӽоли табоӽӣ расидааст. Давлати мо дар марӽалаи нави ҷомеасозӣ гом мезанад ва ӽадафаш муӽайё намудани ҷомеаи солимӣ демократист, ки мо марӽала ба марӽала ноил шуда истодаем. Пешравии  кишвари мо, сулӽу суботи он ва фазои ӽамдигарфаӽмии имрўзаи мо гурўӽӽои мухолифинро, ки  имрўзӽо хориҷ аз кишвар зиндагӣ доранд, ором намегузоранду бо ӽар баӽона дар расонаӽои хабарии ҷаӽон ба мо буӽтон мезананд. Вале чӣ суд аз ин, ки  имрўз мардум  миёни баду нек, кӣ дўсту кӣ  душман фарқ мегузоранду фирефтаи таблиғоти дурўғине намешаванд.

  Дар кишвари мо ӽамаи шароит барои ибодат муӽайё  мебошад. Дар замони ӽукумати Шўравӣ ӽамагӣ 30 нафар сокинони кишвари мо ӽаҷҷи фарзиро адо  намуда буданду халос. Дар шароити имрӯза ҳамасола беш 5 ӽазор нафар сокинони кишвар ӽаҷҷи фарзиро ба ҷо меоранд. Шояд шумораи ба ҳаҷҷи умра мерафтагиҳо низ наздик ҳамин тедодро ташкил диҳанд. Дар   деӽаҳо масҷидӽои ӽозиразамони ҷомею панвақта амал мекунанд. Барои омода намудани мутахассисони динӣ бошад, дар пойтахти кишвар Донишгоӽи исломии ба номи Имоми Аъзал амал мекунад. Аз ин беш боз чӣ мехоӽем. Ин ӽама аз рушди оянда ва маданияти баланди динӣ хабар медиӽад. 

  Дар охири сухан ӽамаи маруми кишварро ба ободкорию созандагӣ даъват менамоям. Мо бояд дар ин замони пурмоҷаро худшиносии миллиамонро инкишоф диӽем, хештаншинос бошад. Ин ватанро дӯст дорему ободаш намоем.

    Сафарова Ӽафиза, раиси Кумитаи иҷроияи

ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg