БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАҚИҚАТ ТАЛХ АСТ, ВАЛЕ БОЯД ОНРО ГУФТ

ВОКУНИШ. Тавре ҳамагон огоҳем, соли оянда барои тамоми мардуми кишвари мо соли хеле ҳассосу тақдирсоз ва дар як вақт пур аз танишҳои сиёсию мафкуравист. Зеро соли оянда интихоботи вакилон ба ҳама зинаҳои парлумон ва баъдан тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Дар ин росто, мухолифони сиёсии мо дар хориҷ аз кишвар бо ҳар роҳу восита барои таъсиргузор будан дар раванди интихобот «фикру ақида» ва «таҳлилу назаргузорӣ»-и худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир сохта, мардумро ба доираи сиёсатбозиҳои ғаразнок   дар ростои ин чорабиниҳо мехоҳанд ба худ моил созанд.

 Муҷрии барномаи шабакаи иҷтимоии «Рисолат» Абдусаттор Бобоев, ки кайҳо дар ботлоқи ифротгароию хиёнат ғӯтидаву аз зимоми сиёсатбозии М.Кабирӣ  роҳбари худкомаи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон атрофро ба андозаи чашмрас дида наметавонад, дар суҳбати ихтисосӣ аз рӯи барномаи «Ҷонибдори чеҳра ва тафаккури ҷадид дар интихобот» бо саволҳои қаблан таҳрезишуда аз ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати  ислом васфу тарғиб намуда, онро ҳамчун ҳизби созандаю ободкор дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар созгор қаламдод менамояд. Усули маъмулии «ислом»-ро дар фаъолияти ҳизби наҳзат «обу ранг» дода,  дар чеҳранигорӣ ин ҳизби хизматаш барои мардум маълумро  амалисозандаи «ормонҳои миллии аҳли муслимин» мепиндорад, ки ба ақидаи солим чунин пофишорию ҳарзагӯӣ ҳеҷ ба ҳақиқат наздик нест.

Суҳбати ӯро М.Кабирӣ роҳбари худкомаи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом «рангу бӯй» дода, ба андешаи ӯ гӯё  калимаи муқаддаси «ислом» пайвандгари ҳама аҳли тақво ва муслимин буд, ки доираи сиёсати коммунистӣ ва капиталистиро шикаст ва «аҳли мусалмон»-ро ба ҷаҳониён шинохта, рисолати худро анҷом дод. Вале ба назари хонандаи ҳушманд ба ҳизби наҳзат пайвастани калимаи ислом мантиқан на аз рӯи тарғиби ҷамоаи муслимин ва ҳидояти уммати Паёмбар ба роҳи росту хақиқатнигорӣ буд, ки баъдан мо самараи онро  бо чашми сар дидем. Пушти калимаи муқаддаси ислом сиёсатбозиҳои исломӣ  ончунон бозиҳои ғаразноку мақсаднокро амалӣ сохтанд, ки агар ҳазрати Паёмбари охирулзамон зинда мебуд ба ин гурӯҳи наҷас ҳазорҳо маротиба лаънат мефиристод. Саҳеҳтар гӯем, чун аҳли наҳзатӣ эҳсос карданд, ки дар сиёсат бо ғояҳои пучу пӯсида дигар давлат ронда наметавонанд, дар фикри ботил сохтани номи ислом аз ин ҳизби беорӯгаштаашон шудаанд. Албатта, барои баромадан аз ин буҳрони сиёсию ботлоқи шармандагӣ платформаи наҳзатиро бояд иваз сохт. Дар фаъолияти минбаъдаи наҳзат бояд дигар номи ислом набошад, зеро агар дар ҳизби террористию экстремистии наҳзат номи ислом пайванд ояд, кору фаъолияти ин гурӯҳи худгумкарда дар ягон самти фаъолияти  доираҳои сиёсии ғарб пеш нахоҳад рафт.

Ин аст, ки М.Кабирӣ раиси ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом аз номи муқаддаси ислом роҳи гурезро ихтиёр кардаст ва дар ростои чорабиниҳои муҳими сиёсии соли оянда мехоҳад бо чеҳраи наву ҳизби нави полонгумкардае дар ин чорабиниҳои сиёсӣ таъсиррасон бошад.

Метавон ҳадс зад, ки дар кишварҳои аврупоӣ ба ислому исломгароён назари нек надоранд ва табиати мардуми аврупоиро фаҳмидан низ мумкин аст. Агар М.Кабирӣ бо ҳизбу кабинаи кӯҳнааш хостгори фаъолият бошад, бешак, ки аз ҷониби долонҳои сиёсии аврупоӣ қабул нахоҳад шуд ва як умр ангушти маломат сӯи ӯст. Ба ҳамин хотир М.Кабирӣ барои худро ба ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишварҳои аврупоӣ мутобиқ кардан дар фикри ихтисор кардани номи ислом аз ҳизби созмондодаи падарони маънавии худу ҳаводоранаш гаштааст.

Якчанд сухане дар мавриди интихоботи зинаҳои вакилӣ ва президентӣ

Мусаллам аст, ки «ҷаноб»-и Кабирӣ дар ҳама баромадҳояш аз давлатдорию давлатсозии мардуми тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти амалкунанда ибрози норозигӣ сохта, дар роҳи табоддули қудрат ба  « номзадҳои арзанда»  гаштааст. Вале боре андеша намекунад, ки оё назари сиёсии ӯву ҳаводоронаш назди мардуми Тоҷикистон қадру манзалате дорад ё не?

Аслан масъалаи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кори «ҷаноб»-и Кабирию кабирипарастон набуду нест. Пешниҳоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда ва пешниҳоди номзадҳои арзандаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ё ба таври худпешбарӣ сурат мегирад. Метавон гуфт, ки иштирок дар интихобот ва назаргузорӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҷониби раиси ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат бар пояи қонунҳои амалкунанда манъ шудааст ва лофи беҳуда задан дар ин масир аниқ, ки миён мешиканад. Аниқтар касеро, ки халқ баргузид ӯ вакил ва Президент интихоб мегардад ва албатта ақидаи пучу васвосаи наҳзатӣ дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мо дигар созгор нест.

Умдатан, ҳақиқат талх аст ва «ҷаноб»-и Кабирию ҳамтоёни ӯ аз баёни ҳақ  меҳаросанд. Бояд мардуми Тоҷикистон чеҳраи асилии наҳзатӣ ва мақасаду ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳи фурӯхташударо то ҳадди воло донанду шиносанд.

Маълум аст, ки офтобро бо домон пӯшонида намешавад ва ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Алиҷон Асақолов,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин                                                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg