БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНСТИТУТСИЯ МУАРРИФГАРИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНД МЕБОШАД

АНДЕША.  Соли ҷорӣ ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25  сол пур мешавад. Барҳақ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун таҷассумгари арзишҳои инсондӯстию сулҳпарварӣ,  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, раванди давлатдории миллиро  таҳким мебахшад. Аҳамияти таърихии Конститутсияи  навини Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ дар он зоҳир мешавад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёди ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ  таҷҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.

 Дар таҳия ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ниҳоят калон аст.

 Боиси қаноатмандист, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз  5  Конситутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дониста шудааст.

“Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ  ба амал пайвастанд.

Конситутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт”, - омадааст дар суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар давоми 25 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон барои рушди давлатдории навин, барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва таъмини принсипҳои демократии рушди ҷомеа тамоми шароити мусоидро фароҳам овард.

Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дар Конситутсия ба ин масъала боби махсус бахшида шудааст. Ва асоси ин бобро меъёрҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ  ва ҳуқуқи  байналмилалие, ки аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бармеояд, ташкил медиҳад. Маҳз Конститутсия риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ   кафолат додааст.

Конститутсия  ва дар заминаи он қабули қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд худ огоҳиву худшиносии миллиро таҳким бахшида, ҳамзамон, барои ҳифз ва ташаккули арзишҳои фарҳангии кишвар ва суннатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла барои эҳёи дубораи забони ноби тоҷикӣ, ки шоҳсутун ва муттакои ҳастии миллат аст ва чун забони давлатӣ эътироф шудани он шароит фароҳам оварданд.

Дар заминаи меъёрҳои сулҳҷӯёнаи Конститутсия  ва татбиқи сиёсати бомароми  хориҷӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро пайдо намуд. Имрӯз Тоҷикистон бо беш аз 160  давлати дунё муносибатҳои дипломатиашро ба роҳ монда, аъзои 80  созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ мебошад ва бо беш аз 100  давлати дунё мубодилаи молро анҷом медиҳад.

Дар Конститутсия  омадани ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ ифодагари он аст, ки ин санади сиёсиву ҳуқуқӣ  воқеан санади муҳим ва калидии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон буда, муаррифкунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ  ва таъминкунандаи амалишавии орзую омоли халқ мебошад.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg