БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ОБОДИИ ВАТАН ВА ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ СОКИНОН АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №44 маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии “Марғоб” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ дар назди ҷамъомадагон баромад карда, қайд намуд, ки сокинони деҳа эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро хуш пазируфта, ба корҳои ободонию созандагӣ машғуланд. Бо дастгирии шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд роҳи деҳа ба масофаи 2 км сангфарш карда шуд.

Сипас, дар маҷлис якдилона Аюбов Зоирро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва вакили Конференсияи ноҳиявӣ интихоб карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg