БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНИСТИТУТСИЯ ТАҶАССУМГАРИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДОРӢ АСТ

АНДЕША. Дар саҳифаҳои таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санаи муқаддас, рўзи фархундаву саодатбахш ва ибтидои марҳилаи комилан нави давлату давлатдории миллати тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гаштааст. Дар ин санаи мубораки таърихӣ тоҷикистониён бо раъйпурсии умумхалқӣ Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷиикстони соҳибистиқлолро пазируфтанд.

Дар ин рўзи таърихӣ рӯй додани воқеаи сарнавиштсоз ва муҳимтарини таърихи давлатдории навини халқи тоҷик хеле рамзист. Чунки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии Кониститутсия ва қонунҳо, ҳукуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро кафили Истиқлолияти давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат бошад, Кониститутсия таҷассумгари далату давлатдорӣ аст. 

Бо раъйпурсии умумӣ қабул шудани Кониститутсия шаҳодати ризоияти халқ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо ташаббуси бевоситаи ин фарзанди сарсупурдаи миллат қонуни асосӣ таҳия, муҳокима ва қабул карда шуд. Таҳия ва қабули Кониститутсия, ки воқеан ҳам ба таври кулли ифодакунанда ва ҳимоясозии манфиатҳои шаҳрвандон ва тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик боиси сарфарозӣ ва саодати зиёд аст. Туфайли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25-солагӣ дар ин сол қайд карда мешавад, неруҳои созандаву покнияти сиёсӣ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рў ба беҳбуд овард. Давра ба давра қонунҳои наву басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин ҳама барои қабули нахустин Конститутсияи давлатӣ соҳибистиқлоли навини тоҷикон заминаи созгор фароҳам овард.

Ҳадафҳои таърихии қабули Конститутсия фароҳам овардани фазои осоиштаву босубот, бартараф намудани оқибатҳои низои дохилӣ, таъмини фаъолияти муътадили мақомти ҳокимияти давлатӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ, барқарор намудани муносибатҳои судманди байналмилалӣ ва рисолати сулҳҷуёнаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияро бахтномаи миллат ва санади бунёди сиёсӣ ном бурда, таъкид карданд, ки он роҳи минбаъдаи тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Сарвари давлат моҳияти ин ҳуҷҷати муҳимро дар кори аз байн бурдани душвории ба сари халқ омада, хеле равшан таъкид мекунад: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсӣ устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Воқеан ҳам баъди сипарӣ шудани 25 сол аз қабули умумихалқии Конститутсия ва интихоби Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби олии Президентӣ равшан дарк менамоем, ки қонуни асосӣ ва Президент дар сарнавишти миллати мо нақши муҳиме доранд. Қабули Кониститусияи нав дар он давра пеш аз ҳама барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти дохилии ҳуқуқтаъсискунӣ, меъёрмуқарраркунӣ ва танзимнамоӣ дошт. Зеро он барои дар заминаи баланди қонунӣ муқаррар кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ба роҳ мондани ҳаёти ҷамъиятӣ ва ташаккули сохтори давлат зарур буд. Дар заминаи ҳолатҳо ва меъёрҳои Конститутсияи нав муайянкарда ҳамчун қоида низоми ҳуқуқ ва ислоҳоти низоми мақомоти ҳокимяти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ пайдо карданд. Моҳияти дигаре, ки Конститутсия муайян кардааст, давлати иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин ҳадаф дар моддаи 1-уми Конститутсия мухтасар чунин ифода ёфтааст: «Барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад» ин меъёри конститутсионӣ низ аҳамияти калони дохилӣ ва байналмилалӣ дорад. Зеро, ки дар пеши худ чунин вазифаи масъул гузоштани давлат инсонро ба ояндаи нек, ба сатҳи баланди зиндагӣ умедвор месозад. Дилпурии инсон ба ояндаи нек ӯро водор месозад, ки ба татбиқи ҳуқуқу озодӣ ва иҷрои вазифаҳои худ камари ҳиммат бандад.

25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!

Одиназода Ҳуснигул, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg