БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕТАРАФӢ ХИСЛАТИ МО НЕСТ!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизбӣ   дар ташкилоти ибтидоии “Омор”-и ноҳияи Ховалинг хониши сиёсӣ гузаронида шуда,  дар он  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар баромад хатари терроризм, сабаби гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, риояи фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, мубориза бо нашъамандию нашъаҷаллобӣ,  коррупсия, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, иҷрои талаботи қонунҳои ҷорӣ, аҳамияти истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва дигар мавзӯъҳо мариди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Ҳамчунин  дар бораи маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода-интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ шуда, масъулиятшиносии аъзои ҳизбро дар баргузории  интихобот ба хотири шаффофу демократӣ гузаштани он таъкид карданд.  

Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  аъзои ташкилот  ба оилаи ниёзманд, ки кӯдаки маъюб доранд   кумаки молиявӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg