БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ТАРҒИБГАРИ МАФКУРАИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии  “Тагноб ” гузаронида шуд.

Зимни баромади худ раиси ташкилоти ибтидоӣ аз вазъи соҳибистиқлолии  кишварамон ёдовар шуда, ҳозиринро даъват  намуд, ки мо бояд шукргузори ин сулҳу субот, пешравӣ ва оромӣ бошему фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллиамон ба воя расонем.

 Эълон шудани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба хотири муаррифии фарҳанг, рушди ҳунару ҳунармандӣ, туризм, ободии маҳал нигаронида шудаст, иброз дошт  дар суҳбат роҳбарияти кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ.

Дар қисмати дигари чорабинӣ  бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилот аз нав интихоб шуда,  вакил ба конференсияи  ноҳиявии ҳизб пешбарӣ гардид. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg