БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР СОЛИМИИ ХУДУ НАЗДИКОН ВА ҶОМЕА БЕПАРВО НАБОШЕД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Меҳровар»-и ноҳияи  Фархор мулоқоти навбатии намояндагони ҳизб  бо аъзои ташкилот баргузор гардид.

Зимни баромад масъулин  оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО ва гепотити С, ки бисёр ташвишоваранд суханронӣ намуда, ба иштирокдорон таъкид карданд, ки дар ҳифзи солимӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз муоинаи тиббӣ саривақт гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ бепарво набошанд.  

Дар идома масъулин атрофи муқовимат бо коррупсия, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ-мактаби ҷасорату мародангӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта, ҳамагон аз иштирок дар  ин чорабинӣ таассуроти  нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg