БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАЁТ АЗ ОБИ НОБУ ҶОВИДОН САРЧАШМА МЕГИРАД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар  ташкилоти ибтидоии “Тошбулоқ”   баргузор гардид.

Сараввал, раиси Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз-ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

Дар идома  аз ҷониби аъзо раиси ташкилот ва вакил ба конференсияи ноҳиявӣ аз нав интихоб ва пешбарӣ карда шуданд.

Дар  қисмати  амалии  Аксияи  ҳизбии “Якҷоя  ҳал   мекунем!”  бо  дастгирии  сокинон  барои  таъмиру  азнавсозии  чашмае,  ки  аҳолӣ    аз  он  об  менӯшанд  лавозимоти  зарурӣ    харидорӣ  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg