БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД…

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    Семинар-машварати ҳизбӣ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид.

Иштирокдорони семинар-машварат раисони ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони идораву муассисаҳо, вакилони мардумӣ,  фаъолони ҳизб ва намояндагони ТҶҶ  “Созандагони Ватан”  буданд. Дар кори ҷаласа Маҳмадулло Наимов мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раҳмонзода Абдулло раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер  раиси ноҳия ва Файзизода Каримҷон раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории семинар-машварат мукаммал гардонидани дониши сиёсии ҳизбиён дар арафаи маъракаи  муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  мебошад. Зикр гардид, ки дар раванди татбиқи ҳадафҳои зерин-баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз терроризму экстремизм вобаста ба маъракаҳои муҳимии сиёсии  дарпешистода муҳим буда,  аз сокинон ҳушёриву зиракиро тақозо менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg